Чӣ гуна узви китобхона шудан мумкин аст?
Барои сабти ном шахс ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият пешниҳод намуда, варақаи хонандаро пур мекунад. Пас аз бақайдгирӣ корти хонандагӣ дода мешавад.
Узвият имконият медиҳад, ки хонанда аз толорҳои хониш, феҳристи электронӣ, машварати библиографӣ ва захираҳои рақамӣ истифода барад.
- Пешниҳоди ҳуҷҷати шахсӣ
- Пур кардани варақаи хонанда
- Шиносоӣ бо қоидаҳо
- Гирифтани корти хонандагӣ