12 - уми июни соли равон дар МД "Китобхонаи муосири пойтахти" - и Раёсати фарҳанги ш. Душанбе бо иштироки омӯзгорон ва курсантони Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 29- умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони " Ваҳдати миллӣ - рамзи иттиҳоду ҳамбастагӣ" , дар партави 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабинии сиёсиву фарҳангӣ гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур директори китобхона Ҷалолиддинзода Аҳдия Ҷалолиддин ҷаласаро кушода эълон намуда, доир ба моҳияти ин ид ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бастани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ маълумот доданд. Сипас, муовини директор Иззатов Тоҳир Қудратович доир ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва арзишҳои миллӣ ва арзишҳои он барои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон, нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди музокирот ва расидан ба мусолиҳот маърӯзаи муфассал намуд. Баъдан 2 нафар аз курсантҳои Академия ба музокира баромада, маърӯзаи асосиро боз ҳам пурмазмун намуданд. Чорабиниро дастаи ҳунарии мактаби мусиқии рақами 1 ба номи П.И. Чайковский бо хониши сурудҳо дар васфи Ватан ва ватандорӣ пурмазмуну рангин намуда, ба он ҳусну таровати тоза бахшиданд.




